Бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Гулистон миёни афсарону сарбозон маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар қисми низомии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти унвони «Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ» миёни афсарону сарбозон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор карда шуд.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфили илмӣ-адабӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Аҳлиддин Тоҷиддинов сухан гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки бо кӯшишу ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар вазъияти басо душвор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Аз замони таъсиси ин ниҳод ҷавонмардони ватандӯст ва бонангу ори кишвар ба сафи он шомил шуда, баҳри ояндаи дурахшони Ватан сарбаландона хизмат намуданд.
Дарвоқеъ, Артиши миллӣ кафили истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдату ягонагӣ мебошад. Пойдории ҳар кишвар ба артиши устувори он вобастагии амиқ дорад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидаанд. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди мо зиндагии осуда доранд. Хидмат ба халқу Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст.
Ҳадафи вохӯрии мазкур аз бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар замири афсарону сарбозон иборат буд.
Дар фарҷом ба сарбозони фаъол туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Гулистон








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






