«БАЗМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 7.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони маъруфи тоҷик – Далер Миҳтоҷов, Эраҷ Олимов ва Баҳром Исматов бо номи «Базми рангҳо» ифтитоҳ гардид, ки то 25 феврал идома меёбад, иттилоъ доданд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, сафоратхонаҳои Корея, Ҳиндустон ва дигар дӯстдорони ҳунари рассомии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки санъати тасвирӣ ва амалии халқи тоҷик таърихи хеле қадимӣ дошта, ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои умумибашарӣ мебошад ва намоиши мазкур ҷиҳати муаррифии шоистаи он ташкил карда шуд.
Эҷодиёти ин мусаввирон дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик ҷойгоҳи махсус дошта, дар намоишгоҳҳои баланднуфузи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намудаанд. Дар намоиш зиёда аз 47 асари беҳтарини муаллифон баҳри ҳаводорони фарҳанг ва санъати тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ин эҷодкорон дар сабкҳои мухталифи санъати мусаввирии тоҷик бо истифода аз услуб ва равияҳои гуногун асар офаридаанд. Мазмун ва сабки эҷодии асарҳои онҳоро муносибати хос ба таърихи гузашта, анъанаҳои миллӣ, ҳаёти деҳоти кишвар, рӯзгори мардуми одӣ, хусусан занону духтарон ташкил медиҳад. Дар аксари офаридаҳои онҳо бо истифода аз услубҳои хоссаашон фаровонии ҳама рангҳо ва бештар рангҳои гармро мушоҳида кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки офаридаҳои Далер Миҳтоҷов дорои сабку услуби ба худ хос ва мавзӯъҳои рангин буда, дар онҳо бештар инъикоси давраҳо ва ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ дида мешавад. Асарҳои хеле ҷолиби ӯ дар ин самт таҳти унвони «Шоҳроҳи таърих» таълиф шудаанд, ки баргирифта аз деворнигораҳои «Панҷакенти қадим» мебошанд.
Эҷодиёти Эраҷ Олимов низ анъанаҳои хоси миллиро инъикос мекунад. Ӯ каҳрамонҳоро воқеӣ – тахайюлӣ тасвир мекунад. Ба ин восита ӯ моҳияти ботинии образҳоро нишон медиҳад.
Рассом базми рангҳоро дар мисоли базми мардумӣ – яъне хурсандӣ, шодиву нишот, фаровонии дастурхони мардум, ширкати хурду калон тасвир намудааст. Силсилаасарҳои ӯ таҳти унвони «Ранг ва нур» чеҳраҳои духтарони зебои тоҷикро бо меваҳои тару тоза тасвир намудаанд, ки рамзи зебоии зиндагӣ ва пайванди наслҳо мебошанд.
Мусаввараҳои Баҳром Исматов бо сабки ба худ хос ва рамзҳои зоҳирии гуногунрангӣ ифода шудаанд. Рассом инсонҳоро дар печутоби пурмуаммои зиндагӣ, хусусан чеҳраи занонро хеле пурасрор тасвир намудааст, ки намунаҳои он асарҳои «Занон бо фаранҷӣ» ва «Ҳарам» мебошанд.
АКСҲО: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






