БО КАДОМ ҲАДАФ? Толибон* ҷангиёни худро ба сарҳадҳои шимолӣ наздик меоранд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони нави Афғонистон ният доранд, ки гурӯҳи калони ҷангиёни худро ба сӯи марзҳои Тоҷикистон ва Узбекистон равон кунанд. Дар ин бора дирӯз, 14 феврал сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи толибон* Қорӣ Фасиҳуддин Фитрат дар саҳифаи Twitter-и худ хабар додааст.
Сухан дар бораи артиши 10 000-нафарае меравад, ки ба гуфтаи Фитрат, бо намунаҳои аслиҳаи пешрафтаи Ғарб мусаллаҳ аст.
«Артиши пурқудрати 10 000-нафара, ки бо муосиртарин фанновариҳои низомҳои СААШ ва ИМА муҷаҳҳаз шуда, дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии кишвар мустақар гардидиааст, бар зидди ҳама гуна амалиёти мусаллаҳона тадбир меандешад», — таъкид кард Фитрат. Ин гурӯҳ, ба гуфтаи раиси ситоди генералии толибон, тавассути авиатсияи ҷангӣ, яъне ҳавопаймоҳо дастгирӣ меёбад.
Маҳз кадом музофотро Фитрат дар назар дорад, маълум нест, вале дар қисмати шимолии Афғонистон Балх бо Узбекистон ҳаммарз буда, дар шимолу шарқ якбора 3 вилоят: Кундуз, Тахор ва Бадахшон бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан изҳор намуда буданд, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СААД, дар шимолу шарқи Афғонистон беш аз 6 ҳазор силоҳбадастон ҳузур доранд. Дар ин бора Пешвои миллат 10 январи соли 2022 дар нишасти ғайринавбатии ин Созмон оид ба вазъи Қазоқистон хабар дода буданд.
«Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, шумораи урдугоҳҳо ва марказҳои таълимии террористон, ки бо марзҳои ҷанубии СААД дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон ҳаммарзанд, беш аз 40 адад буда, шумораи онҳо ба беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯ мерасад», — зикр намуданд Сарвари давлат.
Баъдан дар ин бора сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров иттилоъ дода, изҳор дошт, ки дар марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 урдугоҳи тамринӣ фаъолият мекунад, ки дар он ҳазорон нафар ҷангҷӯёни гурӯҳҳои мухталифи террористӣ қарор доранд.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу низ дар суҳбат бо ҳамтои британиягии худ Бен Уоллес дар бораи теъдоди террористон дар шимоли Афғонистон изҳори назар кард.
Вазири мудофиаи Русия гуфт, ки шумори террористони «Давлати исломӣ»* дар минтақа ду баробар афзоиш ёфтааст.
Шойгу ҳамчунин аз истифодаи силоҳҳои боқимондаи неруҳои эътилофи ғарбӣ аз сӯи террористон изҳори нигаронӣ карда, арзиши тахминии аслиҳаро 80 миллиард доллар арзёбӣ кард.
_____________________
* «Толибон», ДОИШ — созмонҳое, ки дар Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои дигар террористӣ эътироф шудаанд
АКС: TASS/AP/Sergei Grits








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






