«БО САБАБИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ…» Вазорати адлия дар як сол 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро рад намудааст

Февраль 2, 2022 15:15

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида 105 аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба талаботи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намудааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён баён намуд.

Ба гуфтаи Вазири адлия, дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 431 ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардидааст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки 122 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳии давлатиро гузашта, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 34 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» ба 9110 шаҳрвандон машварати ҳуқуқӣ пешкаш гардидааст, ки 351 нафари онҳо  маъюб мебошанд.

Ба иттилои Вазир, айни ҳол Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии   Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 пайваста фаъолият мекунад.

АКСҲ: АМИТ “Ховар”

Февраль 2, 2022 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд