БОКС. Муштзанҳои наврас ва ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 феврал то 15 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад, хабар доданд аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Рӯзи аввали муҳорибаҳо 2 март, муҳорибаҳои финалӣ 13 ва 14 март ба нақша гирифта шудааст. Умуман, миёни ҷавонон 51 чемпион миёни бонувону мардҳо ва миёни наврасон низ 51 чемпион миёни духтарон ва писарон муайян карда мешаванд. Варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллудашон 2006-2007 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни наврасонро доранд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 варзишгар ба Урдун сафарбар мегарданд. Аз ҷумла, миёни онҳо 5 нафар бонувон мебошанд.
Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
80кг – Диёр СУЛТОНОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ
50кг – Фариза ЁҚУБОВА
54кг – Насиба ШАРИФЗОДА
57кг – Бибиҷон МУЗАФФАРОВА
60кг – Бибинишастамо ХОЛОВА
Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
70кг – Мирзобахтиёрхон АТОЕВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА
Ёдовар мешавем, ки варзишгарон тоҷикро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.
Тақвими Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонон ва наврасон:
27-28 феврал – рӯзи омади дастаҳо
1 март 2022 – тафтиши дархостҳо
1 март – ҷаласаи техникӣ
1 март – қуръакашӣ
1 март – маросими ифтитоҳ
2 март – рӯзи аввали муҳорибаҳо
3 март – рӯзи дуюми муҳорибаҳо
4 март – рӯзи сеюми муҳорибаҳо
5 март – рӯзи чоруми муҳорибаҳо
6 март – рӯзи панҷуми муҳорибаҳо
7 март – рӯзи шашуми муҳорибаҳо
8 март – рӯзи ҳафтуми муҳорибаҳо
9 март – рӯзи ҳаштуми муҳорибаҳо
10 март – рӯзи нуҳуми муҳорибаҳо
11 март – рӯзи даҳуми муҳорибаҳо
12 март – истироҳат
13 март – муҳорибаҳои финали наврасон
14 март — муҳорибаҳои финали ҷавонон
15 март – бозгашти дастаҳо
АКС: Федератсияи бокси Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






