Дар арафаи ҷашни Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад

Февраль 8, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 8.02.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба намояндагони ВАО хабар дод.

«Айни ҳол дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» корҳои таъмиру навсозӣ ҷараён дошта, он бо  дастгоҳу таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Аврупо муҷаҳҳаз мегардад, ки дорои сифат ва дақиқияти баланди пахши навору садо мебошанд», — иброз дошт Нуриддин Саид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» Кумита 6 лоиҳаи сармоягузориро бо арзиши беш аз 73 миллион доллари ИМА таҳия намуда, барои муаррифӣ — пайдо намудани сармоягузорон аз ҳисоби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ва дигар шарикони рушд ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мамлакат пшниҳод намуд.

«Дастгирӣ ва татбиқ шудани лоиҳаҳои мазкур умдатарин мушкилоти соҳаи телевизион ва радиои мамлакат,  аз ҷумла таъмини 100-фоизаи  фазои иттилоотии мамлакатро бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио ва телевизиони рақамӣ, тақвияти иқтидори техникӣ ва таъмини самаранокии фаъолияти ҶСК «Телерадиоком», бунёди манораи радиотелевизионӣ берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе, мутамарказ намудани ҷойгиршавӣ ва хубтар намудани фаъолияти шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии давлатӣ, харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизот барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои давлатиро ҳал намуда, шароит ва рақобатпазирии шабакаҳои телевизион ва давлатиро беҳтар мегардонад», — изҳор намуд Раиси Кумита.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд