Дар Бохтар доир ба пешгирии омилҳои хатарзои террористӣ машварат доир шуд

Февраль 12, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар мавзӯи “Ихтилофи ақидавӣ ва амалии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динии ифротии муосир бо исломи суннатӣ (мазҳаби ҳанафӣ)”  бо иштироки васеи намояндагони ташкилоту идораҳо ва корхонаву муассисаҳо машваратии вилоятӣ баргузор гардид, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ “Ховар”. 

Дар машварат муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини аввали сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқзода, диншинос Нуруллоҳ Қамар ва дигар масъулин ширкат доштанд.

Дар оғози ҳамоиш   аз таъриху пайдоиши дину мазҳабҳои мухталиф, ақида ва идеологияҳои гуногун сухан гуфта, чандин масъалаҳои марбут ба дини ислом  мавриди  таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки дини мубини ислом тарғибгари дӯстию рафоқат, муҳаббату самимият ва башардӯстию инсонпарварӣ мебошад, аммо мутаассифона, баъзе одамон  ин ҳамаро дуруст сарфаҳм нарафта, дар зери ниқоби ислом ба терроризму экстремизм даст мезананд, ки оқибати хуб ба бор намеоварад.

Иштирокчиён зикр карданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дилхоҳ давлат эҳтимоли бо хатар рӯ ба рӯ шудан дорад. Норомии   минтақаҳои зиёди олам,  бахусус буҳрони печидаи кишвари ҳамсоя- Афғонистон моро водор месозад, ки  бо иродаи қавӣ ва мустаҳкам марзу буми худро ҳимоя намоем ва ба ҳеҷ  ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ба намояндагони ташкилоту идораҳо, аз ҷумла   ходимони дин муроҷиат карда, гуфта шуд, ки нигоҳдории амнияту осудагӣ дар ҷомеа  ва пос доштани хоки ин сарзамин танҳо  вазифаи  мақомоти амнияту ҳифзи ҳуқуқ не, балки бар уҳдаи ҳар фарди ин меҳан мебошад.

Мувоини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки “роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо давоми 30 соли гузашта ва ҳамчунин  дастовардҳое, ки  дар ин муддат ба онҳо ноил гаштем, ин нуктаи бисёр муҳимро бори дигар возеҳу равшан собит сохт, ки мардуми тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихору сарфарозӣ Ватани муқаддаси хешро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад”.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 12, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд