Дар Душанбе татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 18.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи расмии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои умумӣ ва мушкилоти татбиқи Стратегияи мазкур ва саҳми шарикон оид ба рушд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ҳамчунин дар ин рӯз мавод ва таҷҳизоти тиббии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба намоиш гузошта шуд, ки меҳмонон аз онҳо дидан намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки дар Стратегияи мазкур омадааст, ки «таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ бояд тавассути рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо тибби оилавӣ асоснок шуда, ҳифзи солимии модару кӯдак ва хизматрасонӣ оид ба солимии ҷинсӣ, репродуктивӣ ва ҳуқуқи наврасон, фаъолият дар самти бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пешгирӣ, нигоҳубин ва табобат, пешгирӣ ва табобати бемориҳои ғайрисироятӣ, ҳамзамон таъмини хизматрасониҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва дигарон тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, татбиқи механизми таъмини бехатарӣ ва қобили қабул будани таъминоти оби нўшокӣ, фаъолияти пурраи соҳаи тандурустӣ ва низоми озмоишгоҳӣ амалӣ карда шавад».
Дар ҳамоиш сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдулфатоҳзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурзода, роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, ҳамоҳангсози рушди СММ дар Тоҷикистон Сизен Синаноглу, намояндаи Иттиҳоди Аврупо Марк Бухман ва намояндагони сохторҳои дахлдори мамлакат, шарикони рушд иштирок ва маърӯза намуданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир ва муқтадири тиббӣ фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии мамлакат бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат бо мақсади иҷрои супоришҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омўзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеркунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дар бар гирифта, дар самти пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбоби ҳозиразамон, пурзўр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ, «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 тасдиқ карда шуд.
Ҷаласаи имрӯзаи сатҳи баланд – Саммит -1, ки ба соли якуми татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки яке аз самтҳои асосии онро ҳифзи солимии модар ва кӯдак ташкил менамояд, имкони хубест барои андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ба ин васила паст намудани нишондиҳандаҳои оморӣ, аз ҷумла нишондиҳандаи фавти модарон, кӯдакони то 1-сола ва то 5- сола. Тибқи маълумоти расмӣ, наврасони то 18 сола — 4 030 100 ё 43,3 фоиз, кӯдакони то 1-сола — 240 880 ё 6,2 фоиз ва кӯдакони то 5-сола — 1 148 989 ё 29,3 фисадро ташкил медиҳанд.
Гуфта шуд, ки омўзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ давоми соли 2021 нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, зуком ва сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди таби хунин, вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд. Соли гузашта дар се давра ваксинатсияи кӯдакон бар зидди бемории фалаҷ гузаронида шуд, ки 1,3 млн нафар бо он фаро гирифта шуданд.
Баъд аз ҷамъбасти ҷаласаи расмии Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавии татбиқи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони СУТ ва хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои вобаста ба он посухҳои мушахас гирифтанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид
Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид






