Дар Душанбе масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Февраль 21, 2022 18:14

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, олимон ва коршиносон сурат гирифт, масъалаҳои инъикоси дунявият дар адабиёти классикии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба мавзӯи зикргардида Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов, директори Маркази мероси хаттии АМИТ, номзади илмҳои таърих Раҳматкарим Давлатов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ва дигарон суханронӣ карда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Ширкаткунандагони конференсияи илмӣ перомуни афкори дунявӣ ва тафаккури миллӣ, дунявият ҳамчун асоси пойдории давлат ва сохти конститутсионӣ, нақши таълим ва ҷаҳонбинии илмӣ дар рушду устувории пояҳои давлатдории миллӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Акс: АМИТ

Февраль 21, 2022 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд