Дар Душанбе Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷараён дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Олимпиадаи мазкур бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории олимпиада — ин ҳавасманд намудани хонандагон ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва дарёфту рушди қобилияти онҳо, миёни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ – амалӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ ва мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи даставии «Истеъдод» соли дуюм аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба роҳ монда мешавад.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок доранд. Аз ҳар ноҳияи пойтахт ду даста, 6 нафар хонанда аз литсей ва гимназияҳо (дастаи аввал) ва 6 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастаи дуюм) иштирок доранд, ки дар умум 48 нафарро ташкил медиҳад. Ҳар як иштирокчии даста аз 6 фан (математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) иштирок менамояд.
Дар рӯзи аввали олимпиада аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳое, ки қобилияти донишҳои зеҳнӣ талаб менамоянд, ҳал карда шуданд. Дар рӯзи дуюм супоришҳое, ки донишҳои назариявӣ талаб менамоянд, иҷро мегарданд.
Олимпиада аз рўйи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст гардида, дастаи ғолиб аз рўйи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда мешавад.
Хонандагоне, ки холҳои баланд ба даст меоранд, бо медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон идома доранд
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид






