Дар назди Қасри Арбоб Боғи фарҳангию фароғатӣ бо назардошти меъмории милливу муосир бунёд мешавад

Февраль 21, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 21.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Арбоб, ки макони баргузории ин иҷлосияи таърихӣ буд, Боғи фарҳангию фароғатӣ бо назардошти меъмории милливу муосир сохта мешавад. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Боғи мазкур бо дарвозаи асосӣ, нишастгоҳҳо, гулгашту фаввораҳо сохта шуда, барои нақлиёт низ ташкили таваққуфгоҳ пешбинӣ гардидааст.

20 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷойи бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ боздид карда, бо лоиҳаи иншоот шинос шуд ва барои такмилу татбиқи лоиҳа ба масъулин супориш дод.

Бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди Қасри таърихии Арбоб барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқ буда, аз ин макони таърихӣ ҳамасола садҳо нафар меҳмонони хориҷӣ боздид менамоянд. Аз ин лиҳоз боғи нав метавонад барои сайёҳон макони хуби истироҳативу сайёҳӣ бошад.

Бояд гуфт, ки имсол мардуми кишвар 30-юмин солгарди баргузории яке аз рӯйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамояд. Маҳз 30 сол пеш вакилони Парлумони Тоҷикистон бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоб ҷамъ омада, қарорҳои муҳимеро, ки сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ба онҳо сахт марбут буд, қабул намуданд. Дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд баҳри барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Февраль 21, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид