Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи «Тозагии маҳал» ва ниҳолшинонӣ доир гардид

Февраль 6, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни  гузаронидани маъракаи «Тозагии маҳал» дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуд ва минтақаҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, ду тонна партов бароварда шуд. АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки маъракаи  «Тозагии маҳал» бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида шуд.

Дар он беш аз 80 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5 фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободонӣ  ва тоза намудани  муҳити атроф саҳми муносиб гузоштанд.

Ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва кӯчаи Абӯалӣ ибни Синои ноҳия бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва сабзазоркунӣ қад-қади роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла санавбар шинонида шуданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ

Февраль 6, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд