Дар Норак даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор гардид

Февраль 16, 2022 16:45

ДУШАНБЕ, 16.02. 2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар  шаҳри Норак даври  якуми  Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Фестивал аз рӯйи номинаҳои «Интермедия», «Аскиягӯӣ», «Тақлидкорӣ», «Латифагӯӣ», «Суруди ҳаҷвӣ», «Монологи ҳаҷвӣ» ва «Саҳначаи ҳаҷвӣ» доир гардид, ки дар он ҷавонону наврасони шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон дар сатҳи баланд ва дар доираи шартҳои озмун, инчунин бо мақсади ривоҷу  равнақ додани  фаъолияти  гурӯҳҳои  ҳаҷвнигорӣ,  пайдо  намудани  чеҳраҳои  нави ҳаҷвнигор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба  ҳазлу мутоиба,  мусоидат дар фароғату оромиши  шаҳрвандон ва ба ин васила рушди  соҳаи ҳаҷву  мутоиба  дар шаҳр  ташкил карда шуд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

 

 

Февраль 16, 2022 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд