Дар Русия бо мусоидати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се ячейкаи «хуфта»-и террористон безарар гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Се ячейкаи «хуфта»-и созмонҳои террористӣ дар Русия бо шарофати иттилои аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабулгардида ошкор ва безарар гардонида шуданд. Дар ин бора 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хабар дод.
«Дар натиҷаи чорабиниҳои муштарак мо ба Вазорати корҳои дохилии Русия се маълумот фиристодем, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ячейкаҳои «хуфта»-и созмонҳои террористӣ мавҷуданд ва тибқи маълумоти мо онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа беш аз 13 нафар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии террористӣ ва экстремистӣ аз шумули шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон, балки дигар ҷумҳуриҳо низ дастгир шуданд», — гуфт ӯ.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон афзуд, ки боздоштшудаҳо дар қаламрави Русия қарор доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, аъзои ин гурӯҳҳо дар Сурия ва Ироқ омӯзиш дида, ба қаламрави кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия баргаштаанд.
«Мо пайваста корҳои муштаракро оид ба табодули иттилоот, боздошт, омӯзиши таҷрибаи боздошти гурӯҳҳои террористие, ки дар қаламрави кишварҳои ИДМ ҷойгир шудаанд, амалӣ менамоем», — шарҳ дод Раҳимзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






