Дар Тошканд нахустин ниммарафони байналмилалии CҲШ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби раёсати Узбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд баргузории нахустин ниммарафони байналмилалии СҲШ дар назар аст. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора АМИ «УзА» хабар додааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи президенти Узбекистон тасмим гирифта шуд, ки дар доираи марафони IV байналмилалии “Наврӯз”, ки 27 март баргузор мегардад, нахустин ниммарафони байналмилалии СҲШ гузаронида шавад, гуфта шудааст дар иттилоия.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ташкил ва баргузории ин чорабинии байналмилалии варзишӣ бо иштироки масъулини тамоми вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои дар сатҳи баланд баргузор намудани ниммарафон муфассал баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони президент Мирзиёев дар бораи чораҳо оид ба татбиқи босамари раёсати Ҷумҳурии Узбекистон дар СҲШ дар солҳои 2021-2022 ҷадвали баргузории беш аз 80 чорабинии сатҳҳои гуногун тасдиқ карда шуд.
ДАР АКСИ БОЛО: Марафони байналмилалии СҲШ ва Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) соли 2017 дар Остона. Акс: Vesti.kz
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






