ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Турсунзода беш аз нуҳ ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу мевадиҳанда шинонида мешаванд

Февраль 1, 2022 10:18

ТУРСУНЗОДА, 1.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву сабзазоркунӣ  дар шаҳри Турсунзода беш аз нуҳ ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд, иттилоъ дод сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода бо иштироки сокинон ҳашарҳои ниҳолшинонӣ идома ёфта, корҳои ободониву сабзазоркунӣ  ва хуррамгардонии муҳити зист бо иштироки пурраи аҳолӣ анҷом дода мешаванд.

То имрӯз дар ҳудуди шаҳри Турсунзода зиёда аз даҳ ҳазор гули садбарг, 50 ҳазор гули лола ва 5 ҳазор дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шудаанд. Ҳамчунин дар хатти муҳофизатии ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 2500 бех ниҳоли тираки колифорниягӣ шинонида мешавад.

Дар гармхонаҳои шаҳри Турсунзода барои хуррамгардонии  шаҳр 152 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ омода карда мешаванд. Инчунин  то имрӯз 185 ҳазор қаламчаҳои гули садбарг шинонида шудаанд, ки дар оянда шаҳри Турсунзодаро ба гулзори воқеӣ табдил медиҳанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов  изҳор дошт, ки сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист вазифаи ҳар шаҳрванд аст. Бо амалӣ намудани  ин корҳои нек мо на танҳо шаҳри худро зебою сарсабз мегардонем, балки дар ободонии диёри худ саҳм гузошта, метавонем барои насли наврас намунаи ибрат бошем ва аз ҳама муҳим, тавассути амалисозии он дар омўзонидани арзишҳои ватандӯстӣ, созандагӣ, бунёдгузорӣ, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ комёб шавем.

АКСҲО:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 1, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид