Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Суғд ва Хатлон филиалҳо таъсис дод

Февраль 9, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори  омма гуфт, ки ин тадбир бо мақсади  омодасозии  кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ  бо дарназардошти иқтидор  ва рушди минтақаҳои мамлакат андешида шудааст.

Убайдулло Асрорзода доир ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли гузашта гузориш дода, зикр намуд, ки «соли гузашта дар  фаъолияти Донишгоҳ соли дастовард ва муваффақият буд, зеро дар ин сол дар радифи таҷлили 30-солагии ҷашни Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ду бинои нави таълимӣ дар донишгоҳ ба истифода дода шуд. Маҳз бо ифтитоҳи биноҳои замонавӣ дар донишгоҳ 9 озмоишгоҳи  таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, 37 синфхона ва  22 утоқи корӣ ташкил гардид».

«Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  27 январи соли равон ба ин муассисаи олии мамлакат  мақоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дода шуд, ки он барои ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ифтихори бузург буда, дар назди роҳбарият ва кулли омӯзгорону донишҷӯён вазифаҳои нав  ва масъулиятнок мегузорад»,-афзуд Ректори Донишгоҳи байналмилалӣ.

Зикр шуд, ки роҳбарият ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳ  дар самти баланд бардоштани  сифати таълиму тарбия, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардида буданд, корҳои  мушаххас анҷом доданд. Ин аст, ки шурӯъ аз соли 2021  ҷараёни баргузории  дарсҳои кушода, иштирок дар дарсҳои ҳамдигар  аз ҷониби бахши  идоракунии сифати  таҳсилот ва  коршиносони  он  таҳти назорати қатъӣ қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби комиссияи  озмунӣ, ки дар қисми таълимӣ  таъсис дода шудааст, бо омӯзгороне, ки  бори аввал ба кор қабул мегарданд,  суҳбатҳо гузаронида шуда, ҳангоми қабул ба кор ба неруи илмӣ, таҷрибаи педагогӣ, масъулиятнокӣ, тахассуснокӣ ва хоҳиши ба кори илмӣ машғул шудан аҳамияти  ҷиддӣ дода шуд.

Ҳамзамон намояндагони воситаҳои ахбори омма  бо имконияти таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардида, аз озмоишгоҳҳои  муҳосибӣ, гумрукӣ, зеҳни сунъӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ,  сервиси сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, бонки таълимӣ ва китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар».   

Февраль 9, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд