Фарҳод Раҳимӣ: Барои дифои рисолаи илмӣ ва соҳиби унвони илмӣ шудан ҳуҷҷатгузорӣ монеа буда наметавонад

Февраль 11, 2022 14:49

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз панҷ сол мешавад, ки фаъолият дорад. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ пурра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба тасдиқ расида, олимон дар чаҳорчӯби ҳамин санадҳо фаъолият мекунанд. Талабот ба омода кардани рисолаи номзадӣ ва докторӣ аслан- ин пешдифоъ, дифоъ, омода кардани рисола, авторефират, чопи 3 мақола барои номзадӣ ва  15 адад барои доктори илм шудан дар маҷаллаҳои эътирофшуда мебошад. Ин матлабро Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ  дар посух ба суоли рӯзноманигорон вобаста ба монеаҳои расмию ғайрирасмӣ дар мавриди ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби пажӯҳишгарон  баён дошт.

Ҳамчунин зимни нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон суол дода шуд, ки оё имкон мавҷуд аст, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва шартҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ камтар карда шаванд?

«Ин талабот танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавҷуд нест, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин аст. Ҳангоме ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар диплом медиҳаду эътироф мекунад, ки кори илмӣ — таҳқиқотии анҷомдодаи муҳаққиқ ҷавобгӯи он аст, ки ин нафар соҳиби унвон ё дараҷаи илмӣ гардад ва бояд дар ҷаҳон пазируфта шавад, пас барои пазируфтан талабот ҳамин аст. Он нафаре, ки барои ҳимояи рисола ва соҳиби унвони дараҷаи илмӣ шудан талош мекунад, барояш ҳуҷҷатгузорӣ монеа буда наметавонад.  Олиме, ки кори илмӣ — таҳқиқотии худашро шахсан навишта бошад, омода кардани ҳуҷҷат  ҳамагӣ як ҳафтаи вақташро мегирад»,-посух дод  Фарҳод Раҳимӣ .

-Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки бидуни ҳимоя ба бархе нафарон унвони илмӣ дода мешавад,-изҳори нигаронӣ намуданд рӯзноманигорон дар нишасти мазкур

Вобаста ба ин масъала Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ  гуфт, ки пештар дар баъзе самтҳои илм, аз ҷумла варзиш, санъат ва фарҳанг чунин ҳолатҳо буданд, ки бе дифои рисола унвони дотсент ва профессор дода мешуданд. Аммо тибқи талаботи имрӯза, ки мувофиқ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст, бе дифои рисолаи докторӣ додани унвони дотсентӣ ва профессорӣ ғайриимкон аст.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд