Фарҳод Раҳимӣ: Барои дифои рисолаи илмӣ ва соҳиби унвони илмӣ шудан ҳуҷҷатгузорӣ монеа буда наметавонад
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз панҷ сол мешавад, ки фаъолият дорад. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ пурра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба тасдиқ расида, олимон дар чаҳорчӯби ҳамин санадҳо фаъолият мекунанд. Талабот ба омода кардани рисолаи номзадӣ ва докторӣ аслан- ин пешдифоъ, дифоъ, омода кардани рисола, авторефират, чопи 3 мақола барои номзадӣ ва 15 адад барои доктори илм шудан дар маҷаллаҳои эътирофшуда мебошад. Ин матлабро Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон вобаста ба монеаҳои расмию ғайрирасмӣ дар мавриди ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби пажӯҳишгарон баён дошт.
Ҳамчунин зимни нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон суол дода шуд, ки оё имкон мавҷуд аст, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва шартҳои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ камтар карда шаванд?
«Ин талабот танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин аст. Ҳангоме ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар диплом медиҳаду эътироф мекунад, ки кори илмӣ — таҳқиқотии анҷомдодаи муҳаққиқ ҷавобгӯи он аст, ки ин нафар соҳиби унвон ё дараҷаи илмӣ гардад ва бояд дар ҷаҳон пазируфта шавад, пас барои пазируфтан талабот ҳамин аст. Он нафаре, ки барои ҳимояи рисола ва соҳиби унвони дараҷаи илмӣ шудан талош мекунад, барояш ҳуҷҷатгузорӣ монеа буда наметавонад. Олиме, ки кори илмӣ — таҳқиқотии худашро шахсан навишта бошад, омода кардани ҳуҷҷат ҳамагӣ як ҳафтаи вақташро мегирад»,-посух дод Фарҳод Раҳимӣ .
-Баъзан ба мушоҳида мерасад, ки бидуни ҳимоя ба бархе нафарон унвони илмӣ дода мешавад,-изҳори нигаронӣ намуданд рӯзноманигорон дар нишасти мазкур
Вобаста ба ин масъала Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки пештар дар баъзе самтҳои илм, аз ҷумла варзиш, санъат ва фарҳанг чунин ҳолатҳо буданд, ки бе дифои рисола унвони дотсент ва профессор дода мешуданд. Аммо тибқи талаботи имрӯза, ки мувофиқ ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муқаррар гардидааст, бе дифои рисолаи докторӣ додани унвони дотсентӣ ва профессорӣ ғайриимкон аст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






