Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» моҳи апрел доир мегардад

Февраль 26, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 7 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода.

Ба гуфти мавсуф, дар доираи фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни шеър, достон ва оҳангҳо дар васфи Ватан, Озмуни беҳтарин иншо ва дигар озмунҳо гузаронида мешаванд. Инчунин дар доираи фестивал вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.

Вобаста ба омодагӣ ба фестивали мазкур 24 феврал дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар машварати ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Китоб- махзани илму маърифат» бо иштироки кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорони китобхонаҳои бачагонаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, мутахассисони соҳаи китобдорӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 13-ум сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона, ки 2 апрел таҷлил мешавад, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал- ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад