ФУРӮҒИ МИЛЛАТИ МО ДАР КИТОБ АСТ. Дар ҳошияи интишори 50-ҷилдаи силсилакитоби «Ахтарони адаб»

Февраль 12, 2022 08:47

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз падидаҳои дурахшони ҳаёти фарҳангии даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бидуни шубҳа, интишори 50-ҷилдаи асарҳои бузургони адабиётамон дар силсилаи “Ахтарони адаб” аст, ки бо дастгирӣ ва кумаки бевоситаи Президенти муҳтарами мамлакат рӯи кор омад.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 10 феврал дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  маросими рӯнамоии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр баргузор гардид. Дар маросими фарҳангие, ки ба ин муносибат дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, адибон, олимону муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони илму фарҳанг иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки силсилакитоби «Ахтарони адаб» осори адибони тоҷик, ашъори назмиву насриро аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосирони мо дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилакитоби “Ахтарони адаб”, ки аз соли 2007 то инҷониб нашр мешуд, дар 50 ҷилд мукаммал гардида, бо сифати баланд ба нашр расид.

Дар робита ба ин навиди фарҳангӣ — муждаи нашри силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

-Ғамхорӣ нисбат ба нашри китоб ва муаллифони он ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии давлатамон оғоз ёфта буд. Дар он замоне, ки дар натиҷаи ҷангҳои бемавқеъ ва бемантиқи таҳмилшуда бар сари халқи мо зиндагии ободу осоиштаи халқи мо рӯ ба харобӣ овард, қисми зиёди мардумро бемаошу касод ва тиҳидаст гардонд, нашрияҳои мо низ рӯ ба таназзул оварданд ва қудрати нашри комили асарҳои бадеиро надоштанд. Ана дар ҳамон шароит, ки вазъияти баамаломада таҳдиди ҷиддӣ ба маънавиёти миллатамон, хусусан ба нашри китоб мекард, Сарвари фарҳангпарасти кишвар маблағгузорӣ ва дастгириро аз нашри китоб ва аҳли қалам оғоз намуданд. Ҳоҷат ба овардани рақамҳо нест, ки дар ин муддат чӣ қадар маблағҳо сарф шуданду чӣ қадар китобҳои адибони муосиру гузашта ба нашр расиданд ва чӣ қадар асарҳои муаллифон, хусусан адибони муосир ба табъ расиданду то ҷойе аз ҷиҳати молиявӣ низ дастгирӣ ёфтанд.

Таъсири ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки кишвари моро ба харобии иқтисодиву молиявӣ овард, ин касодиро ба маънавиёт ҳам то ҷойе расонида буд. Нархҳои гарон ва дасткӯтоҳии мардум боиси аз китоб ва китобхонӣ дур шудани одамон гардид. Дар аксари гӯшаҳои кишвар китобхонаҳо низ қариб аз фаъолият бозмонданд ва ин вазъият наметавонист Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари онро бе тафриқа гузорад. Ва далелҳо гувоҳанд, ки маблағгузорӣ дар соҳаи нашру табъи китоб дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳаргиз қатъ нашудааст, ҳатто дар солҳои вазнинтарин ҳам.

Мавриде нест, ки тамоми чораву чорабиниҳои солҳои оғози истиқлолиятро то имрӯз, аз таҷлили ҷашнҳои бузургони илму адаб то машварату ҷамъомадҳои адабиву илмӣ, бузургдоштҳо ва ҷашни муқаддасоти миллӣ ёдовар шавем, ки боиси эҳёи тозаи маънавиёти миллат ва аз ҷумла интишороти китоб ва рӯ овардан ба китобхониву мутолиаи китоб гардиданд.

Аммо, ба назари банда, яке аз иқдомҳои дурахшону бузурге, ки воқеан мардумро рӯ ба китоб оваронду китобро ба дасти муштариёни китоб дод, таъсиси озмунҳои солҳои охир ва хусусан Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” буд, ки метавон гуфт, як инқилоби маънавӣ дар кишвари мо ба вуҷуд овард.

Ташаббусгузор ва муассиси бевоситаи ин озмун будани Пешвои миллатамон сабаби дар ҳолаи дурахшони ватандӯстӣ ва бедории маънавии миллӣ рӯи кор омадану муваффақона амалӣ намудани он гардид. Маҳсул ва натиҷаҳои се соли ин озмун гувоҳ ва далели онанд, ки дар саросари кишвар хурду бузург рӯ ба китоб оварданд. Шартҳои ба андешаи ман, оқилонаи озмун, чунон мураттаб гардидаанд, ки тавонистанд ҳам насли хурдсол, ҳам мактаббачагон, ҳам мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ҳатто мардони калонсолу занони хонанишинро ҳам ба китобу китобхонӣ во доранд ва меҳру муҳаббату таваҷҷӯҳи ононро ба хондани китоб бедору пойдор гардонанд. Воқеан тарҳрезӣ ва амалӣ гардидани ин озмунро метавон яке аз даствардҳои дурахшони маънавиёти мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб донист. Зам гардидани озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ба озмуни номбурда боз ҳам бештар ба афзоиши сафи китобхонон мусоидат хоҳад кард.

Дар ин радиф бо ташаббуси Пешвои миллатамон интишор ва тақдими ҳар хонаводаи сокини Тоҷикистон гардонидани китоби аллома Бобоҷон Ғафуров падидаест бесобиқа, ки баякборагӣ чанд ҳадафи бузургро- аз талқину парвариши ватандӯстиву арҷгузорӣ ба бузургони Ватан то муҳаббат ба китобу китобхонӣ пайгирӣ менамояд.

Интишори 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб”, ки дирӯз маросими рӯнамои он дар Китобхонаи миллии мамлакат баргузор гардид, ин нуқтаи олии сиёсати фарҳангпарварони ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллати мост, ки мардуми кишварро ҳидоят ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави маънавиёт ва илму адаб менамояд. Нашри панҷоҳҷилдаи мазкур бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 оғоз ёфт ва то имрӯз 250 ҳазор нусха китоб аз чоп баромадаву ба дасти ҳаводорони адабиёти классикӣ расонида шуд.

Дар ин маврид наметавон аз фаъолияти густурдаи Муассисаи нашриявии “Адиб” сухан нагуфт, зеро он дар ду-се соли охир саҳми бузургу боризи худро тавонист на танҳо дар интишори китобҳо, аз ҷумла силсилаи “Ахтарони адаб”, балки дар тарғиб ва дастраси хонандагони бешумор сохтани онҳо ва асарҳои адибони дигари кишварамон тавассути таъсиси намоиш-фурӯшҳои китобҳои дар нашрия интшорёфта дар аксари шаҳру ноҳияҳо, маркази вилоятҳо, дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти Ватанамон- шаҳри Душанбе, дар аксари кулли мактабҳои олии мамлакат борҳову борҳо гузорад.

Мо шоҳидем, ки кормандони Муассисаи нашриявии “Адиб” бо сарварии Давлат Сафар тавонистанд ин намоишгоҳҳоро ба иди китоб табдил диҳанд, китобҳои арзандаро ба мардум расонанд ва навбатҳои бепоёни муштариён дар ин намоишгоҳҳо, ба фурӯш рафтани теъдоди бузурги китобҳои чандин сол дар анборҳо хобида гувоҳи инанд. Мо хуб медонем, ки то замони ба сари кор омадани Давлат Сафар ба вазифаи директори Муассисаи нашриявии “Адиб” ва ташкили пайваставу хастагинопазиронаи намоишгоҳҳои фурӯши китобҳои муассиса дар саросари кишвар дар анборҳои муассисаи “Адиб” ҳазорон ҳазор нусха китобҳо чандин сол бекор хобида буданд ва касе бовар надошт, ки онҳо имрӯз ҳамагӣ ба фурӯш мераванду анборҳо холӣ мегарданд. Ҳосили заҳматҳо ва ташкилиҳои муташаккилона ва ҷалби муштариён ба китоб имрӯз ин аст, ки баъзе нусхаҳои китобҳои “Ахтарони адаб” кайҳо ба фурӯш рафтаву мувофиқи талабони рӯзафзуни муштариён дубораву себора бознашр гардиданд. Ва ин падидаи бисёр нишотбахш аст.

Интишори силсилаи “Ахтарони адаб” поён ёфт, яъне 50 ҷилд аз чоп баромад, аммо нашри китобҳои адибони гузаштаву имрӯза идома дорад ва талаботи мардуми тоҷик ба он рӯз аз рӯз дар афзоиш аст, хусусан ки озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” боз ҳам фарогиртару густурдатар идома доранд ва талаботу дархости довталабони озмунҳои мазкур ва ҳаводорону муштариёни адабиёт бештар аз пешин идома хоҳад дошт ва вомедорад, ки нашрияои мо теъдоди интишори китобҳои заруриро сол то сол афзунтар намоянд.

Гумон мекунам аҳамияти озмунҳои номбурда ва саҳми боризи онҳо бо ду мақсад- ҳам таъмини довталабон бо китобҳои адибони гузаштаву муосир ва ҷаҳон ва ҳам бо ҳадафи бештар сохтани сафи китобхонон дар кишвар, ки мусоидат ба баланд бардоштани маънавиёти халқамон хоҳад кард, хеле муҳим аст. Умедворем, ин озмунҳо минбаъд ҳамешагӣ мешаванд, зеро дар манфиати онҳо барои имрӯзу фардои миллатамон ҷойи шубҳаву баҳс нест.

Аз ҷониби дигар, масъулини идораҳои давлатӣ ва аслан ҳама кормандони масъули идораву корхонаҳои соҳаҳои гуногуни кишвар бояд супориши Сарвари кишварамонро дар мавриди харидану хондани лоақал панҷ нусха китоби бадеӣ дар як сол, ки ба рушду такомули маънавии шахсии ҳар нафар мусоидат хоҳад кард, фаромӯш накунанд, хусусан, ки ин иқдом ба манфиати ҳар нафар аст, бояд ҳамасола пайгирӣ шавад. Илова бар ин аз ҷониби Пешвои миллат дар хусуси харидорӣ намудани китобҳои бадеӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, корхонаву идораву мақомот, таъсиси китобхонаҳо дар назди идораву корхонаҳо низ дастуру ҳидоятҳо дода шуда буданд, ки аз онҳо набояд фаромӯш кард, зеро иҷрои онҳо, бидуни шубҳа, ба равнақи интишори китобу китобхонӣ дар кишвар, яъне рӯ овардан ба асолати таърихи миллии мо, ки ҳамеша арҷи баландро ба китоб, яъне ба илму дониш ва маърифату ҷаҳонбинӣ мегузошт, мусоидат хоҳад намуд. Миллати китобхон, миллате, ки арҷи баланд ба илму дониш ва фарҳагу маърифат мегузорад, миллати шоставу соҳибэҳтиром аст ва ҳама ҳадафҳо, ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллатамон дар ин соҳа маҳз ба ҳамин кор равона карда шудаанд, ки дастгирии онҳо аз ҷониби мо фарзу суннат ва вазифаи шаҳрвандии ҳар якемон бояд бошад.

Вақте сухан аз китобу китобдорӣ меравад, мо бояд дар ёд дошта  бошем, ки беҳтарин дастовези миллати тоҷик дар тӯли таърихаш китоб будаасту китоб мондааст; китобе, ки ба шарофати он забони ноби тоҷикӣ, илму адабу таъриху фарҳанг, хираду фазилату дониш, таърих ва кулли дастовардҳои маънавиву суннатҳои волои халқамон ва ба ин васила худи миллати тоҷик зиндаву поянда мондаанд.


Маҳз ҳамин хуҷастагӣ имрӯз мояи ифтихори миллати мост ва дар замони навини соҳибистиқлолии кишварамон ба шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон бо дурахшу фурӯғи нав дар арсаҳои зиндагиву таърих ҷилвагар гардида, симои неки башардӯстонаи халқи тоҷкро намову ҷилои тоза додааст.

ФУРӮҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Фурӯғи миллати тоҷик китоб аст,
Китобе, ки ба маъно Офтоб аст.

Китобе, ки худ асли ҳуҷҷати мост,
Китобе, ки муҳаббат боб-боб аст.

Ҳазорон чашмаву рӯд асту дарёст,
Ҳазорон ташнаро пайғоми об аст.

Дар он ҳар чашма амвоҷи тароват,
Дар он ҳар рӯдро атри гулоб аст.

Дуруди мо ба Хуршед асту Кайҳон,
Ба садҳо мушкили дунё ҷавоб аст.

Паёми ҳикмати озодагон аст,
Навиди хайр дар роҳи савоб аст.

Дуруди ростиву ростон аст,
Паёму пайки ишқу изтироб аст.

Ба номам ҳуҷҷати асли вуҷуд аст,
Паси ҳар барга пайки инқилоб аст.

Дар он хуршед дар як қатра ашк аст,
Дар он сад баҳр дар як коса об аст.

Дар он Симурғи Меҳан лона дорад,
Дар он Қақнус ҳам умре ба тоб аст.

Гулистону баҳористон сабзаш,
Сафобахши дилу ҷони хароб аст

Дар он як Ориёно ифтихор аст,
Дар он як Тоҷикистон меҳри ноб аст.

Наҷоти одаму олам аз он ҷӯ,
Ки андар ҳарф-ҳарфаш бозтоб аст.

Ҳазоронсола пири хайрхоҳ аст,
Ки шайбаш ҷилваи садҳо шабоб аст.

Фурӯғи миллати тоҷик китоб аст,
Дар ин оина аксаш бениқоб аст.

Ба пеши қисмату таъриху дунё
Фурӯғи амри некаш беҳисоб аст!

09.02.2022.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

 

Февраль 12, 2022 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ба даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ 525 довталаб роҳхат гирифт
Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд
Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва қабули довталабонро эълон намуд
«Нурворизм» ва «Танворизм» -«Ду равияи як рассом». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров ифтитоҳ гардид
Коллеҷи хореографӣ ба номи Малика Собирова дар соли нави хониш ба истифода дода мешавад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
«САҲМИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ТИББИ ҚАДИМ ВА МУОСИР: ОСОРИ ИЛМӢ, ТАҶРИБА ВА НАЗАРИЯ». Таҳти ин унвон дар Русия озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид
Филми «Дар талоши ҳақиқат» аввалин маротиба дар синамоҷашнвораи «Дебют»-и Амрико иштирок мекунад
Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкориро бо рӯзномаи «Жэнмин Жибао»-и Чин тақвият мебахшад
Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Дар ин озмун беҳтарин даврии чакан ба намоиш гузошта шуд
Меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд