Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Узбекистон қарор дорад

Февраль 15, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, ки мақсади он омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бо кор таъмин кардани хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

14 феврал ҳайати гурӯҳи кории вазоратро муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон Эркин Муҳитдинов ба ҳузур пазируфт, ки зимни суҳбат масъалаҳо доир ба рушди ҳамкории минбаъда баррасӣ гардиданд.

Дар ин қабул ҳайати гурӯҳи кории вазоратро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.

Сафари гурӯҳи кории вазорат то 18 феврал идома меёбад, ки аз ҷараёни он иттилоъ хоҳем дод.

 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Февраль 15, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид