Имрӯз дар Туркия ҷавонони Тоҷикистон бо тими ҷавонони «Ворскла»-и Украина бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Туркия бо тими ҷавонони «Ворскла»-и Украина (U-20) бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷамъомади тамринии мунтахаби Туркия, ки то 23 феврал идома мекунад, мунтахаби ҷавонони мо чор бозии назоратӣ баргузор мекунад.
Бозиҳои назоратии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:
13 феврал (якшанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Ворскла» (Украина, U-20)
16 феврал (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-20) — Македонияи Шимолӣ (U-20)
19 феврал (шанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-20) – «Крылья Советов» (Русия, U-20)
22 феврал (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН (U-20) – Туркия (U-20)
АКС: ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






