Китоби «Андешаҳо ва қиссаи падару писар»-и Шераки Ориён бо забони узбекӣ ба нашр расид

Февраль 14, 2022 15:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Андишалар ва ота – уғул қиссаси» (Андешаҳо ва қиссаи падару писар)-таҳти ин унвон китоби адиби тоҷик Шераки Ориён, ки то ин айём ба 18 забони хориҷӣ тарҷумаву нашр гардида буд, бо забони узбекӣ низ дар шакли асари алоҳида ба чоп расид.  Тарҷумаи онро тарҷумони номвари миллати узбек Омон Жуман анҷом додааст.

Тавре Шераки Ориён ба АМИТ «Ховар» хабар дод, вақте «Андешаҳо ва қиссаи падару писар» ба забонҳои хориҷӣ тарҷумаву нашр гардида буд, дар он ҷойҳо онро «романе» номиданд, ки «муаллиф тавонистааст басо маънии фарогирро дар як қиссаи фишурда ғунҷонад. Ва ғунҷонида тавонистааст хеле пурэҳсосу ҳакимона ва нозукона».

Ва сабки асарро ҳамчунин «нодиру аҷиб» номида буданд. Яъне «дар ин қисса ҳама сухан гӯянд, яъне сухан гӯянд зиндагону рафтагон, сухан гӯянд ҳатто қабристону хоки гӯристон. Дар ин қисса ҳама зиндаанд, ҳатто қабристон ва ҳатто мурдагон…»

Умуман навиштаҳои адиби тоҷик Шераки Ориён ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудаанд, аз ҷумла бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, поякӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва ғайра. Ҳамчунин ӯ муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор меравад.

Ва филмҳояш «Дӯстонро намефурӯшанд», «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Ҳолат», «Насл» ва ғайра дар мамлакатҳои зиёди олам дар намоиш гузошта шуда, эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст.

 

АКС аз муаллиф

Февраль 14, 2022 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд