Китоби «Андешаҳо ва қиссаи падару писар»-и Шераки Ориён бо забони узбекӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Андишалар ва ота – уғул қиссаси» (Андешаҳо ва қиссаи падару писар)-таҳти ин унвон китоби адиби тоҷик Шераки Ориён, ки то ин айём ба 18 забони хориҷӣ тарҷумаву нашр гардида буд, бо забони узбекӣ низ дар шакли асари алоҳида ба чоп расид. Тарҷумаи онро тарҷумони номвари миллати узбек Омон Жуман анҷом додааст.
Тавре Шераки Ориён ба АМИТ «Ховар» хабар дод, вақте «Андешаҳо ва қиссаи падару писар» ба забонҳои хориҷӣ тарҷумаву нашр гардида буд, дар он ҷойҳо онро «романе» номиданд, ки «муаллиф тавонистааст басо маънии фарогирро дар як қиссаи фишурда ғунҷонад. Ва ғунҷонида тавонистааст хеле пурэҳсосу ҳакимона ва нозукона».
Ва сабки асарро ҳамчунин «нодиру аҷиб» номида буданд. Яъне «дар ин қисса ҳама сухан гӯянд, яъне сухан гӯянд зиндагону рафтагон, сухан гӯянд ҳатто қабристону хоки гӯристон. Дар ин қисса ҳама зиндаанд, ҳатто қабристон ва ҳатто мурдагон…»
Умуман навиштаҳои адиби тоҷик Шераки Ориён ба чил забони хориҷӣ тарҷума шудаанд, аз ҷумла бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, поякӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испаниву арабӣ ва ғайра. Ҳамчунин ӯ муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор меравад.
Ва филмҳояш «Дӯстонро намефурӯшанд», «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Ҳолат», «Насл» ва ғайра дар мамлакатҳои зиёди олам дар намоиш гузошта шуда, эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст.
АКС аз муаллиф








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






