Кумитаи рушди маҳал: Баъд аз даҳ сол ҳар маҳалла соҳиби як муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ мегардад

Февраль 1, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 1.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ ва як майдони варзишӣ ба истифода диҳад. Дар ин бора Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки чунин инфрасохтори иҷтимоӣ давоми 10 соли оянда бунёд гардида, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт  корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуданд.

Ҳамзамон кумита тӯли ин муддат фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва  ВМКБ–ро вобаста ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Соли сипаришуда аз ҷониби кумита дар мавзӯъҳои «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот», раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Роҳнамо барои таъсисдиҳӣ ва рушди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Роҳҳои амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва «Танзими идоракунӣ дар маҳал» бо иштироки раисону котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон машваратҳои омӯзишӣ ва курси сайёри такмили ихтисос гузаронида шуданд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад