МУБОРАК БОД! Ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мақоми донишгоҳи байналмилалӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон» мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Акнун ин муассисаи таълимӣ «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ шуд, ки дар он 7557 нафар донишҷӯён метавонанд аз рӯи 14 ихтисос ва 20 тахассус таҳсил кунанд. Ба онҳо қариб 200 нафар муаллимони пуртаҷриба таълим медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки донишгоҳ 29 июни соли 1991 бо қарори Шӯрои вазирони собиқ ИҶШС ҳамчун Донишкадаи хизматрасонии маишӣ таъсис ёфта буд. Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 муассисаи таълимӣ ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат табдил дода шуд. Бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 дар заминаи муассисаи мазкур Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуда, моҳи декабр сохтмони ду бинои нави замонавии донишкада оғоз гардид, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 1 сентябри соли 2021 ба истифода дода шуданд.
Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, зеҳни сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ҷиҳати аз бар кардани нозукиҳои фаъолияти касбӣ барои мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудаанд.
Иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсили дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) таълим мегиранд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди таҳсил дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси донишкада- саёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонида шуданд.
Донишкада дорои 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ — педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад.
Ҳамчунин ба сохтмони боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд. Мутобиқи лоиҳа утоқҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, анбор, маркази табъу нашр, толори теннис, синфхонаи шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ дар бинои нав ҷой дода мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Ҳабибулло Умаров (1991-2006), Зокир Вазиров (2006-2008), Файзалӣ Комилов (2008-2012), Диловар Қодиров (2012-2019) дар вазифаи ректори ин муассисаи таълимӣ фаъолият доштаанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2020 Убайдулло Асрорзода ректори донишкада таъйин гардид.
Айни ҳол Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (СҶТ)-и Академияи байналмилалии илмҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Маркази Шабакаи иттилоотии Осиёи Марказӣ «EDNET», Ассотсиатсияи истифодабарандагони шабакаҳои академӣ, тадқиқотӣ ва таълимии «TARENA» ва Донишгоҳи СҲШ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад






