Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи соҳаҳои иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳринав сафари корӣ анҷом дода, бо вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ -тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон, занон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии ноҳия шинос шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав муҳтарам Ҷаббор Носирзода вобаста ба фаъолиятӣ соҳаҳои иҷтимоиёт ба муовини Сарвазири мамлакат ва ҳайати корӣ маълумот пешниҳод намуд.
Муовини Сарвазири мамлакат бо ҳайати гурӯҳи корӣ нахуст бо ҳолат ва фаъолияти кории соҳаи маорифи ноҳия ба Маркази омӯзишии забонҳои хориҷӣ, Мактаб -интернати ятимони ноҳия, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Боғчаи томактабии №1, Мактаби санъати бачагона, Китобхонаи марказӣ, Осорхонаи марказӣ, муассисаҳои таълимии №18, №21 ва Литсейи касбии техникии ноҳия рафта, бо вазъи муассисаҳои мазкур аз наздик шинос гардиданд.
Таъкид гардид, ки мебояд ба соҳаҳои болозикр масъулин аҳамияти аввалиндараҷа дода, шароити синфхонаҳои омӯзиширо беҳтар гардонида, дониши хонандагонро тақвият бахшанд. Ҳамзамон мутахассисону омӯзгорони соҳибкасбу ботаҷрибаро ба кор ҷалб намоянд. Вобаста ба фаъолияти Китобхонаи марказӣ таъкид гардид, ки муассисаи мазкурро ба талаботи замонавӣ мутобиқ гардонида, баҳри таъмини адабиёти бадеӣ, дарсӣ, бачагона, ташкили китобхонаҳои электронӣ ва ҷалби сокинону ҷавонон ба мутолиаи китоб дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


Дар идомаи сафари корӣ ҳайати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Матлубахон Сатториён аз Беморхонаи марказии ноҳия, Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва марказҳои ташхисию табобатии ноҳия дидан намуданд.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, наҷот ва таваллуди беморхона дидан намуда, аз шароити хуби беморхона ва фароҳам овардани шароити беҳтарини хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пешсаф будан дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ба ваксинатсия фаро гирифтани гурӯҳи мақсадноки сокинони ноҳия баҳри пешгирӣ аз сирояти бемории Коронавирус ба раиси ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри тақвияти кор дар самти хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки сафари кории муовини Сарвазири мамлакат дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, rb зимни ироаи Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ баён гардида буданд, роҳандозӣ гардид. Зимни ин сафар фаъолияти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор гирифта, ҷиҳати рафъи камбудиҳо масъулин вазифадор карда шуданд.
АКСҲО: МИҲД-и н. Шаҳринав








Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад






