НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бинобар риоя нагардидани қонуни танзим шаҳрвандон ва муассисаҳо ба андозаи беш аз 3 миллион сомонӣ ҷарима баста шуданд

Февраль 8, 2022 14:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Аз сабаби  риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта шаҳрвандони алоҳида ва муаасисаҳои гуногун ба  андозаи умумии беш аз 3 миллиону 96 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки ин маблағ ба буҷети давлат интиқол дода шуд. Дар ин бора Раиси  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 8 феврал нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Мавсуф афзуд, ки  бинобар риоя нагардидани яке аз қонунҳои миллии кишвар – Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   тибқи омори пешниҳоднамудаи Суди Олии мамлакат, соли гузашта  беш аз 680 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки  дар қиёс ба соли 2020   72 адад зиёд мебошад.

Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки  аз  теъдоди умумии парвандаҳо 13 парванда қатъ карда шуда,  доир ба 668 ҳолат  қарори марбута бароварда шуд.

Тибқи  маълумоти  комиссияҳои  доимии танзими  анъана ва ҷашну маросим  ва ҷараёни баргузории маъракаҳо  дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида  дар миқёси мамлакат 123 ҳазору 323  ҷашну маросим  барпо гардидааст, ки   нисбат ба соли 2020 зиёда аз  28 ҳазор адад зиёд мебошад.  Ҳамзамон  дар ин давра аз ҷониби комиссияҳои  доимии танзими анъана ва ҷашну маросим  дар маҷмӯъ зиёда аз 32 ҳазор   санҷиш гузаронида шудааст, ки   4593 адади он ба шаҳри Душанбе, 4619 адад ба вилояти Суғд,  9953 адад ба вилояти Хатлон, 12660 адад ба навоҳии тобеи марказ ва 673 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  8 июни соли 2007 қабул шудааст. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии сокинони мамлакат  нигаронида шудааст.

      АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар