НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳисор дар ду соли оянда ба шаҳри пешрафтаи саноатию сайёҳӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи ду соли оянда симои шаҳри Ҳисор бо бунёди биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори хизматрасонии замонавӣ куллан тағйир дода мешавад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Қосим Роҳбар иброз дошт, ки барои ба шаҳри муосири пешрафтаю саноатӣ ва сайёҳӣ табдил додани Ҳисори шодмон дар робита ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳия гардида, бо инобати фикру пешниҳоди сокинон дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр муайян карда мешавад.
Ҳамзамон Қосим Роҳбар афзуд, ки соли гузашта сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни бузург — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварду комёбиҳо ҷамъбаст намуданд ва 874 иншооти дорои таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр беш аз 3,2 миллиард сомониро ташкил намуд, ки суръати рушди он ба 109,8 фоиз баробар гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






