НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Порсол дар Тоҷикистон беш аз 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли гузашта новобаста ба пандемия беш аз сесад корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз ҳама бештар корхонаю коргоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон-вилояти Суғд- 124 адад, дар Хатлон- 86 адад, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 61 адад, шаҳри Душанбе- 26 адад ва дар Бадахшон 12 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ин маълумотро Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Душанбе расонида, илова намуд, ки аз сесаду нуҳ корхонаю коргоҳе, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба истифода дода шуданд, 90 ададашон дар соҳаи саноати сабук, 82 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, 76 корхонаву коргоҳ дар соҳаи масолеҳи сохтмон, 42 корхонаю коргоҳ дар соҳаи мошинсозӣ ва чор корхона дар саноати ангишт фаъолият мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки теъдоди корхонаю коргоҳҳое, ки соли гузашта бунёд гардидаанд, дар қиёс ба як соли пеш 41 адад ва ҷойҳои корӣ беш аз 1400 ҷой зиёд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли гузашта солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон намуданд. Дар иртибот ба ин, Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иброз намуд, ки эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди саноатчиёни кишвар дар самти руши саноати мамлакат, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, масъулияти бузург мегузорад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






