НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2021 Тоҷикистон дили наздик ба 300 ҳазор сайёҳи хориҷиро тасхир намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд. Дар мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолияти густурда доранд. Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад хостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2021 Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода баён намуд.
Тоҷиддин Ҷӯразода афзуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ соли гузашта фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2019-2022 бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа 40 чорабинии гуногунро дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ доир намуд.
Мавриди зикр аст, ки кумита ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷӣ тавсеа бахшида, дар ин самт санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд.
Дар анҷом Тоҷиддин Ҷӯразода ба саволҳои сершумори намояндагони воситаҳои ахбори омма посухҳои мушаххас дода, доир ба дурнамои самтҳои фаъолияти кумита дар соли равон изҳори назар намуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






