НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта ҳолатҳои қисман риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории хизмати давлатӣ мушоҳида шуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида санҷишҳо дар баъзе аз минтақаҳои мамлакат нишон доданд, ки фаъолияти мақомотро вобаста ба таъмини иҷрои талаботи соҳаи хизмати давлатӣ дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ кардан мумкин аст. Зеро дар онҳо ҳолатҳои қисман риоя нашудани муқаррароти қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрии озмун барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, фаъолияти комиссияҳо оид ба одоби хизматчии давлатӣ, таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботи тахассусӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ мушоҳида карда мешавад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Ҷумъа Давлатов ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба гуфти мавсуф, ҷараёни иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар дастгоҳҳои марказии Вазорати нақлиёт, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист ва баъзе сохторҳои маҳаллии онҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Восеъ, Дўстӣ, Ёвон, Мўъминобод, Ҷайҳун, Ховалинг, Ванҷ, Дарвоз, Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Файзобод ва Шаҳринав мавриди санҷиш қарор дода шуд.
«Яке аз омилҳои муҳими интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Мақомоти давлатии зикршуда дар ин самти фаъолият Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 тасдиқ карда шудааст, ба асос гирифта бошанд ҳам, зимни татбиқи он ба баъзе камбудиҳо роҳ додаанд», афзуд мавсуф.
Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки то 1 январи соли 2022 шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18701 нафар, теъдоди занҳо 4518 нафар ё 24,1 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 9128 нафар ё 48,8 фоиз, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37 солро ташкил медиҳад.
Инчунин гуфта шуд, ки Агентии хизмати давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Зеро дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






