НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тибқи Кодекси нави андоз имтиёзҳо зиёд гардиданд, ки ин сабаби хавф мегардад. Чӣ бояд кард?

Февраль 2, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 02.002.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди он ки дар сурати зиёд пешбинӣ гардидани сабукӣ ва имтиёз ба андозсупорандагон оё  ин ҳолат сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз  намешавад, чунин гуфт:

«Албатта, ҳангоме  ки имтиёзҳо зиёд гардиданд, дар ин самт хавф ба вуҷуд меояд. Аммо дар ҳолати ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот,  ташкили коргоҳу корхонаҳои саноатии нав, дуруст истифода бурдани имтиёзҳо ва, аз ҳама муҳим, сари вақт супоридани андозҳою риояи қонунгузории мазкур аз ҷониби андозсупорандагон манбаъҳои иловагӣ ба миён омада, ин хавфро аз байн мебаранд».

«Кодекси нави андоз ба андозсупорандагон имтиёзи бештаре дода, ҳамзамон дар фаъолияти озоди соҳибкорӣ марҳилаи нав ворид менамояд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 намуд кам карда шуда, меъёрҳои андозӣ аз даромади шахсони воқеӣ низ паст карда шудаанд. Қаблан он 8 ва 13 фоизро ташкил медод, вале  дар кодекси нав 12% муқаррар гардидааст. Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 23%  ба 20% баробар карда шуд.  Ҳамчунин он маблағҳое, ки сармоягузорон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва хариди таҷҳизоти нав ба корхона ворид мекунанд, дар шакли истеҳсолот аз 5 то 10% дар соли аввал пешбинӣ шудааст, ки ин ҳам ба рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад»,- иттилоъ дод ба хабарнигорон муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нарзулло Маликзода.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи моддаи 251-и  Кодекси андоз, воридоти ҳама гуна таҷҳизоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ва таҳвили минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ аз андоз озод карда шудааст.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо назардошти аз 1 январи соли равон мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва бо мақсади бо шаҳрвандон, мутахассисион ва андозсупорандагон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси нави андоз дар кумита нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, тибқи он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор 13 барномаи телевизионӣ омода ва намоиш дода шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд