Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни калонсолон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12-13 феврал дар Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии (Манеж)-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи гӯштини дзюдои Тоҷикистон.
Рақобатҳо миёни паҳлавонони шинохтаи тоҷик тайи ду рӯз хеле ҷолиб сурат гирифта, дар натиҷаи он ғолибон ва ҷоизадорон муайян гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни калонсолон 142 варзишгар аз саросари кишвар ширкат варзиданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Натиҷаҳои ниҳоии -60kg
1. Меҳрзод СУФИЕВ
2. Абдураҳмон ШОЕВ
3. Амирҷон АЗИЗУЛЛОЕВ
3. Саъдӣ СОБИРЗОДА
Натиҷаҳои ниҳоии -66kg
1. Абубакр ШЕРОВ
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА
3. Идибек САФАРОВ
3. Эмомалии НУРАЛӢ
Натиҷаҳои ниҳоии -73kg
1. Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ
3. Сайфиддин БОЙМИРЗОЕВ
3. Иброҳим САИДАКБАРОВ
Натиҷаҳоии ниҳоии -81kg
1. Ҳамроз РАҶАБОВ
2. Умар РАСУЛОВ
3. Шерзод ЭМИНОВ
3. Эҳсон ИСКАНДАРЗОДА
Натиҷаҳоии ниҳоии -90kg
1. Хусрав АЛАМОВ
2. Хушвақт ИДИЕВ
3. Мирзошариф ИСМАТОВ
3. Раҷабалӣ МУҲАММАДИЕВ
Натиҷаҳоии ниҳоии -100kg
1. Абубакри АКОБИР
2. Ваҳоб ҲАЙДАРОВ
3. Идибек ҶАЪФАРОВ
3. Азиз ЗАРИФОВ
Натиҷаҳои ниҳоии +100kg
1. Раҳмон МАНСУР
2. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ
3. Талабуддин ФАЙЗОВ
3. Озодбек ҶӮРАЕВ
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи мазкур рейтингӣ (раддабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ) буда, барои мақоми аввал 700 имтиёз, барои ҷойи дуюм — 490 ва барои ҷойҳои сеюм 350 имтиёз муқаррар шудааст.
АКСҲО: Федератсияи гӯштини дзюдои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд












ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






