Пагоҳ якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Февраль 1, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:00 дар Палатаи ҳисоб доир мегардад.

Вазорати молия нишасти матбуотиро соати 09:00 дар вазорати мазкур барпо менамояд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар Агентии мазкур нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

Нишастҳои матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти гумрук соати 10:00 дар идораҳояшон баргузор мешаванд.

Нишасти матбуотии Бонки миллӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллӣ (Рӯдакӣ 23/2, рӯ ба рӯи Театри давлатии  академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ) доир мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар ин вазорат баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Кумитаи андоз соати 11:00 дар Кумитаи андоз, кӯчаи Н.Қарабоев, 42/2 гузаронида мешавад.

Суди Олӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати адлия соати 15:00 дар вазорати мазкур баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро  бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 1, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид