Рие Хираока хостори ҳамкорӣ дар самти тақвияти низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Тоҷикистон шуд

Февраль 16, 2022 13:25

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода бо директори бахши иҷтимоии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Рушди Осиё хонум Рие Хираока доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои бонки мазкур- «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш», «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ва ҳамкории минбаъда муҳокима шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Зимни вохӯрӣ Ширин Амонзода вобаста ба амалишавии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш», ки дар вазорат татбиқ шуда истодааст, иброз намуд, ки новобаста аз таъсири бемории коронавирус лоиҳа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, айни ҳол дар марҳилаи анҷом қарор дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмир ва таҷҳизонидании якчанд муассисаи ҳадафии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, филиалҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва марказҳои касбомӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи 17 ихтисос стандарту барномаҳои таълимӣ, дастурамал оид ба методологияи таълим ва модулҳои таълимӣ, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар татбиқи методологияи таълим дар асоси салоҳият ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар 62 муассисаи таълимии системаи вазорат мусоидат менамоянд, таҳия ва занону духтарон тибқи талаботи бозори меҳнат ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардиданд.

Хонум Рие Хираока аз ҷараёни амалишавии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» изҳори қаноатмандӣ намуда, таъсири онро дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ муҳим арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба лоиҳаи дигари Бонки Рушди Осиё- «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳа мавриди амал қарор дошта, самтҳои асосии он, аз ҷумла дастгирии муҳоҷират, васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи шуғл ва муҳоҷират, васеъ намудани шуғли пурмаҳсул тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконоти бокортаъминшавии ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мебошанд.

Дар фарҷом тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки чорабиниҳои лоиҳаи мазкур новобаста аз нақшаҳои тарҳрезишуда ҳарчи зудтар иҷро ва ҳамкорӣ дар самти тақвияти низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва техникӣ, инчунин соҳибкасб намудани аҳолӣ густариш ёбанд.

 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Февраль 16, 2022 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд