Саъдӣ Қодирзода: Паёми Пешвои миллат фарогири барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда мебошад

Февраль 1, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар он доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шудааст». Ин нуктаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода дар ҳамоише, ки дар кумитаи мазкур бо иштироки  роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилоти низоми кумита доир ба омӯзиш ва тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, зикр намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, Паёми Пешвои миллат  фарогири барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда буда, муайянкунандаи ҳадафу афзалият ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 7 фоиз, ташкили зиёда аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ ва ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ, то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд.

Дар ҳамоиш раиси кумита Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

«Ноил гардидан ба ҳадафҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда аз фаъолияти босамари мо низ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо фаъолияти худро дар самти беҳтарсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодиёт, татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ тақвият бахшем», афзуд Саъдӣ Қодирзода.

  АКСҲО аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Февраль 1, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»