Сафири нави Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 феврал, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ сафири Белгияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия 29 апрели 1992 барқарор шудаанд.
Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Эркинхон Раҳматуллозода мебошад.
Сафорати Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон дар ш. Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.
Густариши минбаъдаи муносибатҳо бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо ва мақарри ниҳодҳои асосии он барои Тоҷикистон аҳамият дорад.
Миёни кишварҳо инчунин ҷаласаҳои байнипарлумонӣ барпо мегарданд. Ҷаласаи нахустини Комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо 14-16 марти соли 2011 дар Брюссел баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он Ёддошти тафоҳум миёни парламентҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат ба таври фаъол инкишоф меёбад.
Бояд гуфт, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел – пойтахти Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп мулоқот карданд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории неки дуҷонибаи судманд бо Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






