Ширкати байналмилалии «Париматч» шарики кулли дастаи футболи «Хатлон» гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 феврал дар Душанбе бахшида ба имзои созишномаи шарикӣ миёни ширкати букмекерии «Париматч Тоҷикистон» ва дастаи футболи «Хатлон» нишасти матбуотӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар нишаст директори шабакаи чаканаи «Париматч Тоҷикистон» Алексей Вагин ва раиси дастаи «Хатлон» Исроил Шарипов иштирок доштанд.
Шартномаи шарикӣ ба муддати як сол бо имкони тамдид баста шуд.
«Ширкати «Париматч», ки пуштибони воқеии варзиши тоҷик аст, ифтихор дорад, ки шарики яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон — «Хатлон» гардид. «Хатлон» солҳои охир дар мусобиқаҳои дохилӣ натиҷаҳои хуб нишон медиҳад. «Хатлон» ва ширкати моро майли доимии муваффакият ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб муттаҳид менамоянд. Бовар дорем, ки «Хатлон» минбаъд низ бо бозии худ мухлисони бешумори тоҷикро шод хоҳад кард ва мехоҳем ба ин даста дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш мусоидат намоем. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба «Хатлон» дар мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон, ки мо дар он ҳам шарикони расмӣ ҳастем, барору комёбӣ таманно намоям», — гуфт директори шабакаи чаканаи «Париматч Тоҷикистон» Алексей Вагин.
Бояд гуфт, ки «Париматч» шарики беҳтарин дастаҳои футболи ҷаҳон аст.
«Имрӯз бо камоли мамнуният «Париматч Тоҷикистон»-ро ҳамчун шарики расмии худ ва пуштибони воқеии варзиши тоҷик истиқбол мекунем. Боварӣ дорам, ки ҳамкорӣ бо «Париматч Тоҷикистон» ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои худ ва ба қуллаҳои нав бирасем. Мехоҳам бигӯям, ки дастаи футболи «Хатлон» аз куҳантарин дастаҳои Тоҷикистон буда, таърихи ғанӣ дорад. Дастаи мо тарбиятгоҳи футболи тоҷик аст ва ҳамасола дар он футболбозони ҷавону боистеъдод тарбия меёбанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин мавсим моро бозиҳои ҷолиб, голҳои зиёд ва ғалабаҳо интизоранд», — гуфт раиси дастаи футболи «Хатлон».
Зимни нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки ҳамкорӣ ҳам ба нуфузи даста ва ҳам ба дастовардҳои варзишии он таъсири мусбат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Хатлон» таърихи бой дорад, ки аз солҳои дури 1960 оғоз шудааст. Дастаи шаҳри бузурги Бохтар дар варзишгоҳи «Пахтакор», ки метавонад то 15 000 тамошобинро қабул намояд, мунтазам бозиҳои хонагӣ мегузаронад. Дар толори шарафи даста шаш унвон: се чемпиони ҶСШ Тоҷикистон ва се чемпиони Тоҷикистон, инчунин якчанд маҷмӯъ медалҳои нуқраю биринҷии чемпионати маҳаллӣ, ду ҷоми мамлакат мавҷуданд. Даста дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад карда, барои ҷойҳои аввал мубориза мебарад. Ҷои панҷуме, ки соли гузашта онро даста ишғол карда буд, меъёр нест. Мактаби футболи Бохтар яке аз пурқувваттарин мактабҳои кишвар ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон тамғаи «Parimatch» дар рушди варзиш фаъолона ширкат меварзад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Соли 2021 дастаи футболи «Истиқлол» шарики расмии «Париматч Тоҷикистон» буд.
* * *
«Parimatch» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарини MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад.
Акс: «Parimatch»










ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид






