Ширкати байналмилалии «Parimatch» шарики кулли дастаи футболи «Истаравшан» гардид

Февраль 28, 2022 14:53

ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 феврал дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба имзои созишномаи шарикӣ миёни ширкати букмекерии «Париматч Тоҷикистон» ва дастаи футболи «Истаравшан» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он директори кулли «Париматч Тоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов ва роҳбари дастаи футболи «Истаравшан» Алишер Фозилов ширкат варзиданд. Шартномаи шарикӣ ба муддати як сол бо имкони тамдид баста шуд.

Дастаи «Истаравшан» яке аз куҳантарин дастаҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буда, дорои мухлисони сершумор мебошад. Ҳар бозии хонагии «Истаравшан» аз 5000 то 18000 тамошобинро дар варзишгоҳи худ ҷамъ мекунад. Дастаи «Истаравшан» панҷ унвон дорад: чаҳор карат чемпиони Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистон.

Директори кулли «Париматч Тоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов дар нишаст гуфт, «мо ифтихор дорем, ки тамғаи «Parimatch»-и мо, ки дастгири воқеии варзиши тоҷик аст, имрӯз шарики асосии яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон – «Истаравшан» гардид. Илҳомбахш аст, ки солҳои охир футбол дар Истаравшан натиҷаҳои беҳтар нишон дода, мухлисони сершуморро дар варзишгоҳ ҷамъ меорад. Умедворем ва боварӣ дорем, ки кори муштаракамон ба зудӣ натиҷаҳои хуб медиҳад».

«Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба даста комёбӣ, пирӯзӣ ва дастовардҳои нав таманно намуда, инчунин ба мухлисони он барои дастгирӣ ташаккур гӯям», — тазаккур дод ӯ.

Роҳбари дастаи «Истаравшан» Алишер Фозилов зикр кард, ки «Parimatch» ҷаҳонӣ буда, варзишро дастгирӣ мекунад ва ин бешубҳа, барои дастаи мо ангезаи хуб аст. Мо ифтихор мекунем ва аз шарикии худ умеди калон дорем. Бо хушнудӣ «Париматч Точикистон»-ро ҳамчун шарики кулли худ истиқбол мекунем. Боварӣ дорем, ки ҳамкорӣ бо «Париматч Тоҷикистон» ба мо барои расидан ба ҳадафҳои худ ва қуллаҳои нав мусоидат менамояд».

«Илова карданиам, ки «Истаравшан» дастаи дорои мухлисони сершумор аст. Дар назди даста вазифаҳо ва ҳадафҳои бланд вогузор шудаанд, ки онҳоро дар якҷоягӣ бо «Parimatch» дар тамоми давраи ҳамкорӣ ноил хоҳем шуд», — гуфт ӯ.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

«Parimatch» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарини MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон «Parimatch» дар рушди варзиш фаъолона ширкат меварзад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Соли 2021 дастаи футболи «Истиқлол» шарики расмии «Париматч Тоҷикистон» буд.

 

АКСҲО: «Parimatch»

Февраль 28, 2022 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад