Соли 2021 беш аз 84 ҳазор нафар сайёҳон аз шаҳри Ҳисор боздид намуданд

Февраль 16, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ ва табобатии шаҳри Ҳисор соли сипаригардида беш аз 84 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ боздид намудаанд, ки ин омор дар қиёс ба соли 2020 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии сайёҳони дохилию хориҷии ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда ҳудуди 1000 нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки асосан шаҳрвандони Русия, Қазоқистон, Молдова, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Чин, Фаронса, Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ мебошанд.

Иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар оянда бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ бо назардошти имконияти мавҷудаи шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, зеро рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо муаррифи мавзеъҳои таърихию табиӣ ва экологӣ, балки яке аз соҳаҳои афзалиятноки ғанӣ гардонидани буҷет, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор се ширкати сайёҳӣ — «Сангчашма», «Усто Набот» ва «Шумонтур» таъсис дода шуда, вориди бозори сайёҳӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Ҳисор панҷ хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид, ки тавассути онҳо сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию экологии шаҳр, назири маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, мавзеъҳои хушобу ҳавои Шамал, Арҷинак, Варгандок, Хоҷачилдиёри Боло дидан менамоянд.


Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар маркази шаҳр ду меҳмонхонаи замонавӣ- «Усто Набот» ва «Даҳбед» ва дар соҳили дарёи Хонақоҳ як меҳмонхонаи замонавӣ бо номи «Green Wood Half», инчунин 5 осоишгоҳ, аз қабили «Шоҳамбарӣ», «Сатурн», «Чашмаи Шоҳамбарӣ», «Сангчашма» фаъолият доранд.

ДАР АКС: бинои осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» баъд аз тармиму таҷдид

Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Ҳисор беш аз 80 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошанд, ки бозгӯи таърихи куҳан доштани Ҳисори Шодмон буда, ҳамасола садҳо сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба тамошои ин мавзеъҳо меоянд.

 

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид