Соли 2021 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе 19 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ 19 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев ба рӯзноманигорон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи комиссияи қабули соли 2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2421 довталаб барои дохил шудан ба Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2020 189 нафар камтар аст (соли 2020 — 2610 довталаб).
Бинобар иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷўён роҳбарияти филиал бо ризоияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов қабули иловагии дохилшавандагонро ба гурўҳҳои шартномавӣ эълон кард, ки вобаста ба ин имтиҳоноти дохилшавии иловагӣ бо усули анъанавӣ баргузор шуд. Аз рўйи натиҷаҳои қабули иловагӣ аз тарафи комиссияи қабул ба курси 1-ум ҳамагӣ 35 довталаб қабул шуд, ки аз онҳо 19 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки арзёбии сатҳи талабот ҳангоми қабули донишҷўён ва сифати омодагии кадрҳои филиал аз натиҷаҳои интихоби довталабон ба муассисаи таълимӣ вобастагӣ дорад. Бо мақсади ҷалби васеи хатмкунандагони мактабҳо барои дохилшавӣ ба филиал соли 2021 оид ба самтгирии касбӣ кори бонизом ташкил карда шуд.
Дар назди филиал литсей, инчунин курсҳои тайёрӣ (муҳлати таҳсил — 8 моҳ) амал мекунанд, ки дар онҳо омодагии мақсадноки дохилшавандагон бурда мешавад. Аз ҷониби омўзгорони кафедраҳои «Илмҳои бунёдӣ ва табиӣ», «Фанҳои иҷтимоиву гуманитарӣ» ва «Забоншиносӣ» барои дохилшавандагон пайваста дастурҳои методӣ таҳия ва нашр карда мешаванд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






