Соли 2021 — яке аз ҳафт соли гармтарин дар таърих. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Февраль 21, 2022 08:38

ДУШАНБЕ, 21.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврали соли 2022 намояндагони 195 кишвари ҷаҳон ба музокирот барои тасвиби гузориши дуввуми илмии СММ бо маълумоти охирин дар бораи пешгӯиҳои гармшавӣ, умуман тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба он шурӯъ карданд. Маърўзаи якум аллакай дар конференсияи Глазго муҳокима карда шуд. Қобили зикр аст, ки дар нахустин гузориши худ, ки моҳи августи соли 2021 нашр шуда буд, коршиносони иқлими СММ ҳисоб карда буданд, ки ҳарорат то соли 2030 — даҳ сол пештар аз интизорӣ 1,5 дараҷа боло хоҳад рафт. Ба андешаи коршиносони соҳа, пайомадҳои чунин гармшавии босуръат аз нигоҳи амнияти озуқаворӣ, саломатии аҳолӣ, гуногунии биологӣ ва саломатии экосистема фалокатбор хоҳанд буд.

Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (СУМ) кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлимро  ба Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором нисбат додааст. Коршиносони СУМ гузориш медиҳанд, ки соли 2021 яке аз ҳафт соли гармтарин дар таърих будааст. Ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ соли 2021 аз сатҳи пеш аз саноатӣ тақрибан 1,11 дараҷа боло буд. Интизор меравад, ки гармшавии глобалӣ ва дигар тамоюлҳои тағирёбии иқлим дар муддати тўлонӣ дар натиҷаи сатҳи рекордии газҳои гулхонаӣ дар атмосфера идома ёбад.

 «Ҳамаи давлатҳои ҷаҳон бояд омодагии худро барои коҳиш додани таъсири гармшавии глобалӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ва ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ бо ин мақсад нишон диҳанд». Дар ин бора Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш дар Глазго, дар музокироти муҳим оид ба тағйирёбии иқлим изҳор дошт. Дар музокироти Глазго теъдоде аз кишварҳо аз таъсиси паймони нав эълон карданд, ки ба тадриҷ аз газу нафт даст кашанд. Ҳар кишвар, ҳар шаҳр, ҳар ширкат, ҳар муассисаи молиявӣ, ба гуфтаи Антониу Гутерриш, бояд бидуни таъхир, воқеан, партовҳои худро ба таври куллӣ коҳиш диҳад ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои «иқтисоди сабз»-ро оғоз кунад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирии он имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки устоди кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Сайфиддин Валиев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2022 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад