Соли 2022 дар Душанбе Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад
ДУШАНБЕ, 2.02.20222. /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2022 дар пойтахт Соли рушди сифати таҳсилот ва Соли мутолиаи китоб эълон мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардид.
Дар маҷлиси назоратӣ инчунин масъалаҳо ҷиҳати тибқи талабот омода ва таҳия намудани ҳуҷҷатҳои аттестатсионӣ ва рўйхати роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, назорати давомоти саривақтии хонандагон ва омўзгорон ба дарсҳо, омодагӣ ба пешвозгирии ҷашни Наврўз, назорати иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ ва гулу буттаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, пешниҳоди маълумотнома аз натиҷаи вазъи корҳои сохтмонии муассисаҳои таълимии навбунёд, ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омўзгорони касбӣ, ташкил намудани вохўрӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омўзгории кишвар, риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт мавриди муҳокима қарор дода шуд.
АКС аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






