СУҲБАТИ СУДМАНД ДАР ҶОДАИ САОДАТ. Дар шаҳри Бӯстон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои гуногун мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ва ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, инчунин кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, афсарон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки «дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд»
Раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавриди муҳимтарин матлабҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, афзуд, ки «Паёми Пешвои миллат бо натиҷагирии корҳои иҷрошуда ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллию давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз оғоз то ба анҷом саршори ҳидоят ба ваҳдат, ҳамдиливу ободкорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти фарҳанги миллати куҳанбунёд барои ояндагон мебошад».
Маликшо Неъматзода ба ҷавонон рӯ оварда, оид ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ, хизмати содиқона ба Ватан, китобхониву ташаббускориҳо дар айёми ҷавонӣ андешаҳои ҷолиб ва муфид баён дошт. Мавсуф дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани муҳаббат ба диёру замини падарӣ, Ватан ва хоку буми кишварро аз вазифаҳои муҳими мактабу донишгоҳ арзёбӣ намуд.
Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки масъалаи рушди минбаъдаи саноат дар кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ мебошад, аз ҷавонон ташаббускорӣ, кордонӣ, ибтикороту ғайрату кӯшиши самимиро тақозо менамояд. Дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои олӣ мавқеи устувор, дониши баланд, эҷодкориву ташаббускории аъзои иттифоқҳои касаба нақши бориз дорад. Аз ин рӯ имрӯз ҳамкории доимии ташкилоти иттифоқҳои касаба бо муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ муҳим мебошад.
Дар хатми ҳамоиш ба фаъолон сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд супорида шуданд.
АКСҲО: Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд










Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






