«ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ МОРО ВОДОР НАМУДААСТ, КИ УСУЛИ КОРАМОНРО ДИГАР КУНЕМ». Посухи Холмурод Раҳмон ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидааст. Аз ҷониби Сарвари давлат ба  Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ   дастур дода шудааст, ки  бо мақсади сарфаи об,  истифодаи сарфакоронаи оби кишоварзӣ ва  беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо обёрии қатрагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин тадбир имсол кадом корҳо ба анҷом мерасанд?

Тағйирёбии иқлим тақозо  дорад, ки вазъи обрасонӣ ба замин тағйир дода шавад. Инчунин ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, обёрикунӣ бо усули қатрагӣ  яке аз воситаҳои асосии сарфаи об ва аз эрозия нигоҳ доштани замин мебошад.

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон  чунин посух дод: “Воқеан, тағйирёбии иқлим моро водор намудааст, ки  усули корамонро дигар кунем.    Яке аз усулҳои хеле манфиатовар ва муосир, тавре Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд, — ин обёрикунӣ бо усули қатрагӣ  мебошад. Бартарии  асосии он дарвоқеъ сарфаи об аст, ки дар шароити  имрӯзаи Осиёи Марказӣ басо муҳим мебошад. Бо ин усул парваришу обёрӣ намудани зироату боғу токзор об то панҷ маротиба сарфа мешавад. Сарфи неруи барқ низ  бамаротиб кам мегардад».

Ба гуфти мавсуф, аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ   дар ноҳияҳои Данғара, Хуросон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои вилояти Суғд таҷрибаи обёрикунӣ бо усули қатрагӣ  торафт бештар доман паҳн мекунад, ки самараи хуб ба бор овардааст.  Дар натиҷаи чунин обёрӣ  замин аз эрозия  эмин дошта мешавад. Як манфиати дигари обёрии қатрагӣ он аст, ки ба ин восита дарахтон бо нуриҳои минералӣ таъмин мегарданд.


«Айни замон дар мамлакат тамоми боғҳои навбунёд мувофиқ бо усули обдиҳии қатрагӣ бунёд мегарданд. Чунин тарзи обдиҳӣ намнокиро 65-70 фоиз таъмин менамояд. Дар сурати амалӣ гардидани ин усул кишоварзону боғдорон ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ,  тақсими  хуби об,  камшавии шусташавии заминҳои киштшаванда, муқовимат ба ҳама гуна таъсирҳои иқлим, беҳтар намудани сифати маҳсулот, обёрии майдонҳо бо фишори нисбатан ками об дар система, сабук шудани  идоракунӣ, хидматрасонӣ,  корҳои васлкунӣ ва  кам кардани арзиши аслии маҳсулоти ниҳоӣ  ноил мегарданд», — гуфт Холмурод Раҳмон .

Ба гуфтаи директори Агентии мелиоратсия ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, ҳоло дар Тоҷикистон бо кумаки 385 истгоҳи обкашӣ беш аз 280 ҳазор гектар обёрӣ мегардад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки  яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат—таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки  яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат—таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид