Таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ» мизи мудаввари илмии маҷозӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ» ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон мизи мудаввари илмии маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, докторҳои илмҳои таърих Иброҳим Усмон ва Сановбар Воҳидова ва аз ҷониби Маҷористон доктори илмҳои таърих Агнес Келеченӣ ва доктори илмҳои филологӣ Давид Кара иштирок карданд.
Суҳбати илмӣ роҷеъ ба тадқиқот дар бораи Осиёи Марказӣ (ОМ) аз ҷониби Арминий Вамберӣ, ки солҳои 1862-63 ба минтақаи ОМ сафар дошт, сурат гирифт. Аз ҷумла, Вамберӣ дар эҷодиёти худ забони тоҷикиро ҳамчун забоне шинохтааст, ки дар асри XIX ҳам нафосати аввалияи худ ва ҳам нафосати гуфтори ашъори Рӯдакиро нигоҳ доштааст.
Маълумоти АМИТ «Ховар»
Арминий Вамберӣ сайёҳ ва шарқшиноси маҷорӣ буд. Вай қобилияти аҷиби омӯхтани забонҳоро дошт. Дар 20-солагӣ бо талоши кашфи асли забони маҷорӣ ва дараҷаи робитаи он бо забонҳои туркӣ ба Константинопол меравад. А.Вамберӣ давоми будубошаш дар Туркия теъдоди қобили мулоҳизаи забонҳо ва лаҳҷаҳои шарқиро омӯхта, як қатор асарҳои забоншиносиро ба нашр расонидааст.
А. Вамберии ҷавон, ки аз падараш меҳри китобро ба мерос гирифта буд, баъдан пажӯҳишгар ва мутахассиси маъруфи Осиёи Марказӣ ва Миёна гардид. Вамберӣ, ки олими маъруф гардид, на танҳо як одами пешрафтаи замони худ, балки забоншинос, сиёсатмадор ва географи бузург низ буд. Вамберӣ дар баробари омӯхтани забонҳои туркӣ ва форсӣ забонҳои узбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва тоториро хуб медонист. Арминий Вамберӣ омӯзиши Осиёи Миёнаро дар назди худ мақсад гузошта буд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ ва манбаъҳои боз









Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






