ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. То 10 феврал дар шароити ноҳияи Фархор имкони анҷом додани кишти картошка мавҷуд аст

Февраль 8, 2022 10:34

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Фархор аз 270 гектар дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ то имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 210 гектар кишти хушсифати картошка гузаронида шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

Дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа, то 10 феврал дар шароити ноҳия имкон аст, ки кишти картошка анҷом дода шавад. Бо мақсади иҷрои дурнамо ва дар ин замина, зиёд намудани истеҳсоли ин номгӯй маҳсулоти ғизоӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ кишоварзони ноҳия бо истифода аз боду ҳавои мусоид иқдом гирифтаанд, ки кишти картошкаи барвақтиро дар муҳлати хуби агротехникӣ пурра иҷро намоянд.

Тавре мутахассисони соҳа иброз доштанд, дар ноҳия аҳли заҳмат ҳар сол дар қатори дигар номгӯи зироати кишоварзӣ аз кишти картошкаи барвақтӣ низ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, эҳтиёҷоти хешро бо ин маводи ғизоӣ таъмин менамоянд.

Аз ҷониби дигар, ҳосили картошка баробари сабзавот пештар ҷамъоварӣ гардида, деҳқонон имкон доранд аз ҳар қитъа замини корами обӣ ду-се ҳосил ба даст оранд.

Бо назардошти манфиати рушди соҳаи картошкапарварӣ имсол дар ҳамаи деҳоти ноҳия дар баробари хоҷагии ёрирасони аҳолӣ дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ низ майдони кишти картошка нисбат ба солҳои пешин зиёд гардидааст.

Аз 270 гектар дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия қариб 5 гектари он дар заминҳои корами обии назди ташкилоту муассиса пешбинӣ шудааст, ки то имрӯз дар майдони 4,7 гектар аллакай кишти хушсифати картошка гузаронида шудааст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия низ омӯзгорону кормандони бахши хоҷагидорӣ иқдом гирифтаанд, ки имсол дар баробари сабзавоту лӯбиёдона дар заминҳои ҳудуди муассиса бештар картошка кишт намоянд.

Дар ноҳия барои окилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корами обӣ ва гирифтани ду-се ҳосил ба маданияти истифодаи обу замин диқкати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

АКСҲО: Маркази матбуоти раиси н. Фархор

Февраль 8, 2022 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд