Тоҷикистон омодаи муқобила бо таҳдидҳо дар сарҳад бо Афғонистон аст

Февраль 17, 2022 13:16

ДУШАНБЕ, 17.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба ҳар гуна таҳаввулоти вазъ дар марз бо Афғонистон омода аст. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора имрӯз хабаргузории ТАСС бо такя ба як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии кишвар иттилоъ додааст.

Суханони қаблан гуфтаи роҳбари ситоди кулли толибон Қорӣ Фасиҳуддин Фитратро шарҳ дода, ҳамсуҳбати хабаргузории Русия гуфтааст, ки ҳоло сарҳад ором ва таҳти назорат аст. Ба гуфтаи ӯ, иттилои фармондеҳи афғон яқинан иғвоангезона мебошад.

«Низомиёни Тоҷикистон ба дилхоҳ ҳодисаи дар сарҳад бо Афғонистон рухдиҳанда омодаанд», — бовар кунонид ӯ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ дар сохторҳои қудратӣ афзуд, ки вазъ дар марз таҳти назорат буда, ба муташанниҷ шудани он имкон дода намешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар мавриди таҳдид ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои ҷавобӣ меандешад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар расонаҳо дар бораи интиқоли воҳидҳои толибон ба шимолу шарқи Афғонистон, гӯё «барои ҳифзи марзҳо» иттилоъ ба нашр расид. Аммо аз кишваре, ки таҳдид метавонад аз он ҷо ба амал ояд, ном бурда нашудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтарин аст. Қисми зиёди сарҳад қад-қади дарёи Панч, қисми дигараш аз миёни кӯҳсор мегузарад. Илова бар ин, якбора чаҳор вилояти шимолу шарқи Афғонистон- Бадахшон, Тахор, Қундуз ва Балх бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошанд.

 

ДАР АКС: сарҳадчиёни Тоҷикистон; мошинҳои зиреҳпӯши Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ. Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид